Имкониятҳои иловагӣ дар соҳаи геологӣ муайян шуданд

    Ҳукумат 1 Avgust 2023 3987

    Президент Шавкат Мирзиёев бо тақдимот дар бораи тадбирҳои вусъат додани захира ва зиёд кардани ҳаҷми азхудкунии канданиҳои фоиданок шинос шуд.

    Дар мамлакати мо ба туфайли эътибори калон ба соҳаи геологӣ ва ҷорӣ намудани технологияи ҳозиразамон имкониятҳои кашфи сарватҳои зеризаминӣ васеъ гардиданд. Сармоягузорони хориҷӣ сармояи худро ба лоиҳаҳои азхудкунӣ ва коркарди ин захираҳо гузоштанд.

    Аз ҷумла, дар шаш соли охир 15 лоиҳаи нави коркарди каолин ба маблағи 148 миллион доллар роҳандозӣ шудааст. Дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз он қариб 2 баробар афзуда, содирот ба 65 миллион доллар расид. Дар ҳамин давра ҳаҷми истеҳсоли ангишт 1,4 баробар афзуда, ба 5,4 миллион тонна расид.

    Зимни муаррифӣ дар бораи нақшаҳо дар соҳаи геология, аз ҷумла афзоиши захираҳои уран, каолин ва ангишт маълумот дода шуд.

    Гуфта шуд, ки дар соли ҷорӣ тавлиди 6,7 миллион тонна ангишт пешбинӣ шудааст.

    33 лоиҳа ба маблағи 620 миллион доллар оид ба каолин амалӣ мешавад. Аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти арзиши иловагиаш баланд аз ин ашёи хом, ба нақша гирифта шудааст, ки дар соли ҷорӣ ҳаҷми содирот ба 81 миллион доллар ва то соли 2030 ба 180 миллион доллар расонида шавад. Ҳамчунин, дар якҷоягӣ бо ширкатҳои хориҷӣ корҳои иктишофӣ барои афзоиши захираҳои уран идома хоҳанд ёфт.

    Сарвари давлат ба масъулин имкони боз ҳам беҳтар намудани нишондиҳандаҳои ин соҳаҳоро нишон дод. Вазифа гузошта шуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот зиёд карда, базаи ашёи хоми мавҷуда, технологияи беназир ва захираҳои кадрӣ самарабахш истифода шаванд.

    Супориш дода шуд, ки бо роҳи ба сектори хусусӣ додани 5 кони ангиштсанги перспективии Сурхондарё, ҷорӣ намудани технологияи баланд бардоштани сифат ва навъбандии ангишт, ки дар Ангрен истихроҷ карда мешаванд, корҳои иктишофӣ тезонда шаванд.

    Зарурати кашф кардани конҳои нави каолин ва ба 200 миллион тонна расондани захираи он, зиёд кардани микдори лоиҳаҳои коркарди ин ашёи хом нишон дода шуд.

    Барои ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба азхудкунии конҳои урани гидротермалӣ ва сланесҳои сиёҳ тадбирҳо муайян карда шуданд.

    No date selected
    September 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates