Вазирони корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва Чин оид ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва шарикии стратегӣ табодули афкор намуданд

    20 майи соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов бо узви Бюрои Сиёсии КМ ПКЧ, вазири корҳои хориҷии Чин Ван И мулоқот анҷом дод.

    Тавре ки дар вохӯрӣ қайд гардид, суръати баланди равобити саноатӣ, сармоягузорӣ, зеҳнӣ, фарҳангӣ ва байниминтақавӣ ба он нигаронда шудааст, ки ба мардуми Ӯзбекистон ва Чин натиҷаҳои беҳтарин расонда шаванд.

    Ҷонибҳо роҷеъ ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегии ду кишвар бо такя ба иҷрои пурра ва саривақтии тавофуқоти дар сатҳи олӣ ҳосилшуда табодули афкор намуданд.

    Вазирон, инчунин масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва ҷаҳониро баррасӣ карданд, хабар медиҳад ВКХ Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    July 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates