Суҳбат бо табрикоти мутақобила ба муносибати таъйин шудани Б.Саидов ва Син Ган ба мақоми вазирони корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва Чин оғоз шуд.

Таъкид гардид, ки ба шарофати муколамаи эътимоднок ва саъю талошҳои муштараки сарони ду давлат имрӯз муносибатҳои Ӯзбекистону Чин ба сатҳи бесобиқаи баланд баромада, хусусияти пухтаю динамикӣ касб кардаанд. Миёни парламентҳо, ҳукуматҳо, Вазорати корҳои хориҷӣ ва вазоратҳои дахлдор муколамаи фаъол идома дорад.

Ҷадвал ва ҷанбаҳои гуногуни чорабиниҳои дар форматҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба нақша гирифташуда баррасӣ шуданд.

Ба ҳам монанд будани мавқеъҳои Ӯзбекистон ва ҶМЧ оид ба масъалаҳои амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ  қайд гардид. Омодагии ҷонибҳо барои идомаи ҳамкории зич дар чаҳорчӯби СММ, СҲШ ва дигар созмонҳо тасдиқ карда шуд.

Пешниҳодҳо оид ба фаъол гардонидани робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия баррасӣ шуданд.

Суҳбати телефонии вазирони корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва Чин дар фазои кушод, гарм ва дӯстона сурат гирифт. Дар бораи дастгирии равобити корӣ ба мақсади рушди минбаъдаи шарикии стратегии ҳамаҷонибаи Ўзбекистон ва Чин тавофуқ ҳосил шуд.