Роҳбарони идораҳои корҳои хориҷӣ натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро, ки 15-16 сентябри соли 2022 дар Самарқанд таҳти раёсати Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд, баррасӣ карданд.

Доир ба ҷабҳаҳои гуногуни ҳамкориҳои байнидавлатӣ, аз ҷумла дар доираи Эъломия дар бораи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия табодули судманди афкор сурат гирифт.

Омодагии тарафайни Ўзбекистон ва Русия бобати фаъол гардондани равобит оид ба ҳамаи самтҳои рӯзномаи дуҷониба ва бисёрҷониба тасдиқ ёфт, хабар медиҳад хидмати матбуоти ВКХ Ҷумҳурии Ӯзбекистон.