Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо якдигарро ба муносибати иди Ид ал-Фитр табрик гуфта, барои тамоми уммати мусулмон сулҳ, шукуфоӣ ва рушди устувор таманно карданд.
Ҳамчунин рушди минбаъдаи ҳамкории рӯзафзуни миёни ду кишвар баррасӣ гардид.
Илова бар ин, тарафҳо оид ба вазъияти Ховари Миёна мубодилаи афкор намуда, зарурати таъмини сулҳ ва субот дар минтақа ва ҳаллу фасли масъалаҳоро бо роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ таъкид карданд.