Вазирони корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва Туркия масъалаҳои мубрами ҳамкориро баррасӣ карданд

    24 январи соли 2023 дар ҳошияи нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Тошканд сарони вазоратҳои корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва Туркия Бахтиёр Саидов ва Мавлуд Чавушӯғли мулоқоти дуҷониба баргузор карданд.

    М.Човушӯғли гуфт, ки раёсати Ӯзбекистон дар СҲИ ба таҳкими шарикии мутақобилан судманд дар доираи Созмон ва афзоиши нуфузи он дар арсаи ҷаҳонӣ хидмат кард.

    Ҷадвал ва ҷанбаҳои ташкилии чорабиниҳои дарпешистодаи дуҷониба, аз ҷумла ҷаласаҳои навбатии Гурӯҳи банақшагирии стратегӣ дар сатҳи роҳбарони корҳои хориҷӣ ва Комиссияи байниҳукуматии Ӯзбекистону Туркия оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баррасӣ шуданд.

    Вазъияти ба миён омадаи Афғонистон ва дигар масъалаҳои сиёсати минтақавӣ баррасӣ шуданд.

    Дар мулоқот ҳамчунин густариши табодули фарҳангиву гуманитарӣ миёни ду кишвар баррасӣ шуд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates