Дар чорабинӣ ҳайатҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои узви СҲШ, намояндагони Интерпол ва сохторҳои соҳавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд. Роҳбарони ҳайатҳоро Президенти Қирғизистон Садир Жапаров ба ҳузур пазируфт.

Иштирокчиён масъалаҳои муҳими амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва инчунин таҳдидҳои нави марбут ба рушди технологияҳои рақамиро муҳокима карданд.

Ба масъалаҳои амнияти иттилоотӣ, мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ ва густариши ҳамкорӣ дар муқобила бо ҳуқуқвайронкуниҳое, ки бо истифода аз технологияҳои зеҳни сунъӣ содир мешаванд, таваҷҷуҳи махсус дода шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин зарурати тақвияти тадбирҳои муштаракро барои мубориза бо истеҳсол ва паҳншавии маводи мухаддири синтетикӣ, рушди ҳамкории амалиётӣ ва мубодилаи иттилоот миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои узв таъкид намуданд.

Дар анҷоми мулоқот протоколе ба имзо расид, ки ба таҳкими ҳамкорӣ ва татбиқи тавофуқҳои дар самти таъмини сулҳ, субот ва амният дар минтақа ҳосилшуда нигаронда шудааст.