Имрӯз Намангон маркази босуръат рушдёбандаи соҳибкорӣ ва саноат ба ҳисоб меравад. Дар давоми ҳашт соли охир ба ин ҷо 7 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ҷалб гардида, тақрибан 8 ҳазор корхонаҳои нав ба фаъолият оғоз кардаанд. Кишоварзӣ, туризм ва соҳаи хизматрасонӣ фаъолона рушд меёбанд, барои аҳолии минтақа ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда мешаванд.

Мақсади сафари сарвари давлат – шиносоӣ бо лоиҳаҳои намунавӣ, муайян кардани самтҳо ва вазифаҳои нав мебошад. Барномаи сафарро боздиди иншооти сохтмонӣ, корхонаҳои саноатӣ, энергетикӣ, кишоварзӣ ва хоҷагии об, инчунин муассисаҳои иҷтимоӣ дар бар мегирад.

Ғайр аз ин, баргузории ҷамъомад оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят низ дар назар дошта шудааст.

Президент Шавкат Мирзиёев ҳамчунин дар Форуми III байналмилалӣ таҳти унвони «Аз камбизоатӣ то фаровонӣ» ширкат хоҳад варзид.