Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои
гуногунҷанбаи Ӯзбекистону Малайзияро баррасӣ карданд. Зикр гардид, ки ба
шарофати муколамаи фаъоли сиёсӣ дар сатҳи олӣ, муносибатҳои дуҷониба дар солҳои
охир ба сатҳи нави босифат баромадаанд.
«Ба масъалаҳои тавсеаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, амиқтар
намудани ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва пешбурди лоиҳаҳои нави муштарак дар бахшҳои
гуногун таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ба хонум сафир дар иҷрои рисолати дипломатияш дар кишвари
мо комёбиҳои бузург орзу намуда, омодагии худро барои расонидани ҳамаҷонибаи
кумак дар фаъолияти масъулонаи ӯ бори дигар тасдиқ кардем», – навиштааст
Бахтиёр Саидов дар шабакаи Telegram.