Дар рафти суҳбат вазъият ва дурнамои рушди муносибатҳои Ӯзбекистону Қатар дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёту коммуникатсия, фарҳангию гуманитарӣ ва ғайра баррасӣ шуданд.

Ба ҳамкории тарафҳо дар чаҳорчӯби СММ, СҲИ ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.

Омодагии Ўзбекистон ва Қатар дар идома додани саъю кӯшиши муштарак оид ба пеш бурдани раванди сулҳ дар Афғонистон ва барқарор намудани инфрасохтори иҷтимоию иқтисодии он тасдиқ шуд.

Пешниҳодҳо оид ба ҷадвал ва рӯзномаи чорабиниҳои дарпешистода дар сатҳи олӣ ва баланд баррасӣ шуданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.