«Мо дар Форуми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Ашқобод ширкат варзидем», - навиштааст сарвари Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар телеграмканали худ. - Якҷоя бо Дабири кулли САҲА Е.П. Ҳелга Шмид ва ҳамкорон аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ҷанбаҳои ҷории рӯзномаи муштараки мо, бахусус ҳамкорӣ дар самти таъмини амнияти сарҳадӣ, мубориза бо тағирёбии иқлим ва рушди робитаҳои нақлиётиро баррасӣ кардем».
Ёдовар мешавем, ки Ӯзбекистон аз 26 феврали соли 1992 узви САҲА (собиқ Шӯрои амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо) мебошад ва моҳи феврали соли 2018 кишвари мо иштирок дар фаъолияти Ассамблеяи парлумонии САҲА-ро аз сар гирифт.