Сарвари ВКХ Ӯзбекистон дар Саммити III Муколама оид ба ҳамкорӣ дар Осиё таҳти мавзӯи «Дипломатияи варзишӣ» иштирок кард

    Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов дар нишасти III Муколама оид ба ҳамкорӣ дар Осиё дар пойтахти Қатар ширкат кард.

    «Мо дар Доҳа таҳти унвони «Дипломатияи варзишӣ» дар Саммити III Муколама оид ба ҳамкорӣ дар Осиё ширкат варзидем», — навиштааст роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар шабакаи телеграми худ. -Бешубҳа, дипломатияи варзишӣ фиристодаи сулҳ аст, ки онро ҳамаи мардум новобаста аз миллату мазҳабашон қадр мекунанд. Варзиш ҳамеша минбари муколамаи байналмилалӣ, муттаҳидшавӣ ва дастгирии ҳамдигар буд. Ин рӯҳияро кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Бозиҳои олимпии Париж равшан нишон доданд. Мо аз ҳукумати Қатар барои ташкили хуби ҳамоиш миннатдорем.”


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates