Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон бо вазири давлатии Бритониёи Кабир мулоқот кард

    14 сентябри соли 2021 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов ба вазири давлатии Бритониёи Кабир оид ба корҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Иттиҳод лорд Тарик Аҳмад мулоқот кард.

    Дар рафти суҳбат ҳолати ҷорӣ ва пешомади рушди ҳамкории бисёрнақшаи Ӯзбекистону Бритониё, инчунин ҳамкории ду мамлакат дар доираи сохторҳои байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.

    Дар бораи чорабиниҳои муштараки дарпешистода дар форматҳои гуногун мубодилаи афкор сурат гирифт. Таваҷҷӯҳи махсус ба имконоти густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дода шуд.

    Инчунин вазъияти кунунӣ дар Афғонистон, пешомадҳои он ва имкониятҳои ҳамкорӣ ба мақсади расондани кӯмаки инсонпарварона ба ин мамлакат баррасӣ шуданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти ВКХ Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates