Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон бо ёвари Котиби давлатии ИМА мулоқот кард

    13 декабри соли 2021 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов бо ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба корҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Доналд Лу, ки ба Тошканд барои иштирок дар ҷамъомади якуми Мулоқоти шарикии стратегӣ байни Ӯзбекистон ва ИМА омадааст, мулоқот анҷом дод.

    Зимни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, инчунин сиёсати байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо омодагии тарафайнро ҷиҳати густариши фаъолонаи муколамаи созанда дар асоси принсипҳои эҳтироми ҳамдигар ва ба назар гирифтани манфиатҳои ҳамдигар изҳор намуданд.

    Ҷониби Амрико маълум кард, ки барномаҳои дигаргунсозиҳои демократӣ ва ислоҳоти иҷтимоию иқтисодиро дар Ӯзбекистони нав дастгирӣ менамояд.

    Намояндаи ИМА ҳамчунин ба саъю талошҳои Ӯзбекистон оид ба расондани кӯмак ба мардуми Афғонистон ва пешбурди лоиҳаҳо дар соҳаҳои гуногун баҳои баланд дод, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates