Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон бо президенти ширкати "All Nippon Airlines" мулоқот кард

    22 декабри соли 2022 дар Токио мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Владимир Норов бо президенти ширкати ҳавопаймоии "All Nippon Airlines" Шиничи Иноуэ баргузор гардид.

    Оид ба дурнамои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ ва авиатсия мубодилаи афкор сурат гирифт.

    Ҷониби Ҷопон ба натиҷаҳои корҳое, ки дар кишварамон оид ба рушди фаъоли сайёҳӣ, фароҳам овардани шароит барои сайёҳатчиёни хориҷӣ, афзун гардондани объектҳои инфрасохтори сайёҳӣ татбиқ мегарданд, баҳои мусбат дод.

    Қайд карда шуд, ки имкони афзоиши гардиши сайёҳон ба Ӯзбекистон аз Ҷопон, аз ҷумла тавассути рушди авиатсияи шаҳрвандӣ дар ҳама самтҳо вуҷуд дорад. Дар ин замина масъалаҳои ба роҳ мондани парвозҳои ширкати ҳавопаймоии "All Nippon Airlines" ба Самарқанд, Бухоро, Урганҷ ва дигар шаҳрҳои таърихии Ӯзбекистон баррасӣ шуданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates