Дар мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ байни Ўзбекистон ва ЮНИСЕФ, инчунин нақшаҳои пешомадноки таҳкими минбаъдаи шарикӣ баррасӣ гардиданд.
Афшон Хон динамикаи рушди ҳамкориҳои солҳои охири Ӯзбекистон ва Хазинаи кӯдакони СММ, фаъол шудани робитаҳои дуҷониба оид ба ташкил ва баргузории чорабиниҳо ва лоиҳаҳои бузурги муштарак дар ҷумҳуриро бо қаноатмандӣ қайд намуд.
Вай нақши калидии Ӯзбекистонро дар минтақа дар татбиқи ислоҳоти амалӣ дар соҳаи дастгирии ҳамаҷонибаи кӯдакон, аз ҷумла фароҳам овардани шароити мусоид барои гирифтани таҳсилоти босифат таъкид намуд.
Директори минтақавии ЮНИСЕФ ба баргузории Конфронси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО оид ба тарбия ва таълими кӯдакон дар Тошканд, ки ба табодули васеи таҷрибаи пешқадам ҷиҳати таъмини таҳсилоти ҳамагонӣ, баробарӣ ва босифат мусоидат мекунад, баҳои баланд дод.
Дар рафти мулоқот Владимир Норов Афшон Хонро бо ислоҳоти васеъмиқёсе, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии кӯдакон, ҳифзи саломатии онҳо ва таъмини таълими босифат татбиқ мегарданд, шинос кард.
Ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои судманд бо ЮНИСЕФ ҷиҳати ноил шудан ба натиҷаҳои мушаххас ба манфиати кӯдакону ҷавонон, аз ҷумла дар доираи татбиқи Стратегияи рушди Ӯзбекистони нав барои солҳои 2022-2026 ҳавасмандӣ изҳор карда шуд, хабар медиҳад хидмати матбуоти ВКХ Ҷумҳурии Ӯзбекистон.