Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои фаъолсозии дипломатияи иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи рушди устувор, таҳкими дипломатияи ҷамъиятӣ, инчунин рӯзномаи муштарак барои соли 2024-ро дар форматҳои Ӯзбекистон – Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо баррасӣ намуданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.