Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар Тошканд ба пояи барелефи раҳбари миллии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев гул гузошт.

    Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов имрӯз дар таҷлили 100-умин солгарди зодрӯзи раҳбари миллии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев ширкат кард.

    "Имрӯз мо дар таҷлили 100-умин солгарди таваллуди Ҳайдар Алиев ширкат варзидем", - навиштааст вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар шабакаи телеграми худ. - Соли 2022 дар Тошканд кӯча ва барелефи ёдгорӣ ба номи раҳбари миллии Озарбойҷон кушода шуд. Мо ба вазъи кунунии ҳамкориҳои Ӯзбекистону Озарбойҷон баҳои баланд дода, ҷонибдори ғанисозии минбаъдаи он дар тамоми соҳаҳо ҳастем».

    Ёдовар мешавем, ки имрӯз халқи Озарбойҷон ва дӯстони бурунмарзӣ санаи муҳим – 100-солагии зодрӯзи арбоби бузурги давлатӣ, сиёсатмадори хирадманд ва шахсияти барҷаста, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҳайдар Алиевро, ки дар рушди давлатдорӣ ва таҳкими муносибатҳои Ӯзбекистону Озарбойҷон саҳми арзанда гузоштааст, таҷлил мекунанд, хабар медиҳад АИ “Дунё”.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates