Роҳбари ВКХ Ӯзбекистон нақши Кувайтро дар таҳкими ваҳдат ва пешрафти ҷаҳони исломӣ баланд арзёбӣ намуд

    Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов дар шаҳри Ал-Кувайт бо вазири давлатӣ оид ба корҳои Дивони Амири Кувайт, Шайх Муҳаммад Абдуллоҳ ал-Муборак ас-Сабаҳ мулоқот анҷом дод.

    Зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои Ӯзбекистон ва Кувайт, аз ҷумла фаъол гардондани муколама дар сатҳи олӣ, густариши ҳамкориҳои барои ҳар ду ҷониб судманд ва рушди мубодилаи фарҳангиву инсонпарварӣ баррасӣ гардиданд.

    «Мо нақши Кувайтро дар таҳкими ваҳдат ва пешрафти ҷаҳони исломӣ баланд қадр мекунем. Барои меҳмоннавозии гарму самимӣ изҳори миннатдорӣ мекунем ва умедворем, ки тавофуқҳои имрӯзаро ба манфиати мардумонамон ба натиҷаҳои мушаххас табдил медиҳем», — навиштааст роҳбари ВКХ Ӯзбекистон дар канали телеграмии худ.

    No date selected
    May 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates