Сарвари Тотористон бо сафари корӣ ба вилояти Сурхондарё омад

    Президенти Тотористон Рустам Миннихонов имрӯз, 27 март бо сафари корӣ ба вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон омад. Дар фурудгоҳи байналмилалии Термиз ӯро ҳокими вилоят Улуғбек Қосимов пешвоз гирифт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти раиси Ҷумҳури Тотористон.

    Сарвари Тотористон аз корхонаҳои истеҳсолии маҳаллӣ дидан карда, бо иқтидори саноатӣ ва иқтисодии минтақа ошно мешавад. Дар барномаи сафар мулоқот бо раҳбарияти минтақа низ пешбинӣ шудааст.

    Ёдовар мешавем, ки дар охири моҳи феврал Рустам Миннихонов бо муовини Сарвазири Ӯзбекистон Ҷамшед Хоҷаев масъалаи таъсис ва рушди паркҳои технологӣ дар кишварро тариқи видеоконфронс баррасӣ карда буд. Моҳи октябри соли 2023 пас аз сафари нахустини Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Қазон ҳукумати Тотористон бо мақомоти вилояти Сурхондарё созишномаи ҳамкорӣ имзо кард. Ш.Мирзиёев дар маросими ифтитоҳи "Бозиҳои оянда" дар Қазон низ ҳузур дошта, изҳор дошт, ки Ӯзбекистон пас аз Русия ва Қазоқистон омодаи мизбонии ин мусобиқот дар соли 2026 аст.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates