Кумитаи давлатии омор хароҷоти ҳадди ақалли истеъмолгаронро ҳисоб карда баромад

    Молия 10 Yanvar 2022 3896

    Ҳадди ақалли хароҷоти истеъмолӣ (ҲАХИ) ба ҳар кас моҳе 498 ҳазор сӯмро ташкил дод. Маблағи ҳадди ақалли хароҷоти истеъмолӣ назар ба соли гузашта 13,2 фоиз афзуд, хабар медихад Кумитаи давлатии омор.

    31 майи соли 2021 дар Ўзбекистон бори аввал қимати пешакии арзиши ҳадди ақалли хароҷоти истеъмолӣ эълон шуда буд.

    Тартиби ҳисоб кардани ҳадди ақалли хароҷоти истеъмолӣ бо қарори дахлдори ҳукумат аз 27 августи соли 2021 муайян шудааст.

    Ҳадди ақалли хароҷоти истеъмолӣ аз рӯи натиҷаҳои пурсиши 10,6 ҳазор хонаводагиҳои мамлакат, ки аз рӯи маблағи хароҷот ба 10 гурӯҳ тақсим карда шудаанд, ҳисоб карда шуд. Дар байни онҳо 30 фоизи хоҷагиҳое муайян карда шуданд, ки даромаду хароҷоти аз ҳама паст доранд.

    Дар натиҷаи тадқиқот ҳаҷми минималии истеъмоли озуқаворӣ (2200 ккал) ба ҳар сари аҳолӣ ҳисоб карда шуд. Хароҷот барои истеъмоли зарурии молҳои ғайриозуқавӣ ва хизматрасонӣ низ ба ҳисоб гирифта шуд.

    Тибқи ҳисобҳо, хароҷоти ҳадди ақали истеъмолӣ барои озуқаворӣ ва молҳои зарурӣ ва хизматрасонӣ дар хонаводаҳое, ки даромади ҳадди ақали моҳона доранд, ба як нафар 498 ҳазор сӯмро ташкил дод, хабар медиҳад "Review".

    Ёдовар мешавем, 31 май дар АИКО нишасти матбуотӣ таҳти мавзӯи "Дар бораи ҳисобҳои пешакии хароҷоти ҳадди ақалли истеъмолӣ дар Ӯзбекистон" баргузор шуд. Дар чорабинӣ ҳисобҳои пешакии хароҷоти ҳадди ақали истеъмолии аҳолӣ дар Ӯзбекистон эълон карда шуданд. Пас он ба ҳар кас 440 ҳазор сӯмро (хӯрокворӣ — 69 фоиз ва хароҷоти ғайриозуқа — 31 фоиз) ташкил дод. Дар тадқиқот 5,4 ҳазор хоҷагӣ иштирок дошт.

    Нишондиҳандаи ҳадди ақали истеъмолӣ ҳадди камбизоатӣ буда, барои мақсадҳои зерин истифода мешавад:

    муайян намудани гурӯҳи мақсадноки аҳолие, ки ба дастгирии моддӣ ва дигар кумакҳои иҷтимоии давлат ниёз доранд;

    муайян намудани ҳадди камбизоатӣ бо назардошти хусусиятҳои воқеии истеъмолӣ ва талаботи аҳолӣ;

    муқаррар намудани миқдори минималии нафақа ва ёрдампулӣ, инчунин оид ба истифода бурдан аз муносибати мазкур ба сифати меъёри расондани дигар намудҳои ёрии моддии давлат ба оилаҳои камтаъмин.

    Қаблан Маркази тадқиқоти иқтисодӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ (МТИИИ) ҳадди ақалли хароҷоти истеъмолӣ дар Ӯзбекистон ва кишварҳои дигарро муқоиса карда буд, ки сатҳи ҳадди ақали истеъмолӣ 27% аз сатҳи ММД ба ҳар сари аҳолӣ мебошад. Барои муқоиса, дар Қазоқистон ин рақам 11%, дар Туркия 17%, дар Русия 19% аст.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates