Поезди боркаш аз Чини Шарқӣ ба Ӯзбекистон тавассути хатсайри нави роҳи оҳани боркашонӣ ба роҳ баромад

    Нақлиёт 15 Avgust 2022 1458

    Қатораи боркаш рӯзи 13 август аз шаҳри Уси дар музофоти Ҷянсуи шарқӣ-чинӣ ба роҳ баромада, ба самти Осиёи Марказӣ равон шуд.

    Бинобар маълумоти рӯзномаи маъруфи "Жэнмин жибао"-и Чин, ин қатораи боркаш беш аз 1000 тонна мол, аз ҷумла асбобҳои рӯзгор ва қисмҳои автомобилро интиқол медиҳад, ки арзиши умумии бозории онҳо ба 30 миллион юан (ҳудуди 4,4 миллион доллар) баробар аст.

    Поезд тақрибан баъд аз 20 рӯз ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон мерасад, хабар медиҳад АИ "Дунё".

    "Чӣ хеле ки дар парки логистикии вокзали ғарбии шаҳри Уси таъкид намуданд, пас аз сар задани пандемия, корхонаҳои савдои хориҷии маҳаллӣ дар содироти молҳо мушкилӣ пайдо карданд ва пайдоиши масири нави боркашонии роҳи оҳан барои ин корхонаҳо имкониятҳои навро мекушояд" - илова мекунад "Жэнминь жибао".

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates