Қитъаи нави лӯла шаҳри Серхетободи Туркманистонро бо вилояти Ҳироти Афғонистон мепайвандад.
Лӯлаи гази Туркманистон-Афғонистон-Покистон-Ҳиндустон лоиҳаи бузурги энергетикӣ аст, ки Туркманистонро бо Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустон мепайвандад. Қитъаи Серхетобод-Ҳирот ҷузъи асосии ин инфрасохтори нақлиётӣ хоҳад буд.
Моҳи сентябри соли 2024 бо иштироки Пешвои миллии халқи туркман дар марзи Туркманистону Афғонистон ифтитоҳ ва бунёди як қатор иншооти бузурги инфрасохторӣ сурат гирифт. Пули роҳи оҳани шоҳроҳи пӯлодии Серхетобод ва Турғундӣ, ки 177 метр дарозӣ дорад, ба истифода дода шуд. Сохтмони қитъаи Серхетобод-Ҳироти лӯлаи гази ТАПҲ ва хатти алоқаи нахи оптикии Серхетобод-Ҳирот оғоз ёфт. Дар бандари истгоҳи роҳи оҳани Турғундӣ низ маҷмааи анбор кушода шуда, дар қитъаи Турғундӣ-Санабар бунёди марҳалаи якуми роҳи оҳани Турғундӣ-Ҳирот оғоз ёфт. Дар чаҳорчӯби марҳилаи аввали хатти интиқоли барқи Туркманистон-Афғонистон-Покистон (ТАП) нерӯгоҳи барқи Афғонистон, воқеъ дар вилояти Ҳирот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, хабар медиҳад turkmenistan.ru.








