Гутерриш: Кишварҳои Африқо ба зудӣ ҳамчун аъзои доимӣ ба ҳайати Шӯрои Амнияти СММ дохил мешаванд

    Кишварҳои Африқо ба зудӣ ба ҳайати Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ҳамчун аъзои доимӣ шомил мешаванд. Дар ин бора Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш, ба саволи ТАСС посух дода, изҳори назар кард.

    "Монеаҳои ҷиддитарин дар роҳи шомилшавии кишварҳои Африқо ба ҳайати Шӯрои Амният паси сар шудаанд, - гуфт ӯ. - Консенсус ба даст омадааст, ки тибқи он ду кишвар аз Африқо ба ҳайси аъзои доимии Шӯрои Амният қабул мешаванд. Ман мутмаинам, ки то анҷоми мандати худ дар мақоми Дабири кулли СММ он рӯзро мебинам, ки кишварҳои Африқо аъзои доимии Шӯрои Амният мешаванд."

    Гутерриш илова кард, ки таъсири Ҷануби глобалӣ ба кори СММ дар айни замон ҳалкунанда мебошад. "Кишварҳои Ҷануби глобалӣ аксари ҷомеаи ҷаҳониро намояндагӣ мекунанд, - қайд кард Гутерриш. - Онҳо ба кори СММ таъсири ҳалкунанда мерасонанд."

    Гутерриш айни замон дар сафари худ ба ҷануби Африқо қарор дорад. Рӯзи панҷшанбеи наздик ӯ дар чорабиниҳои ботантана дар Лесото иштирок хоҳад кард, иттилоъ медиҳад tass.ru.

    Начало формы

    No date selected
    January 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates