Низоми нави тарбия ва таълими кӯдакони ниёзманди ҳифзи иҷтимоӣ ҷорӣ карда мешавад

    Ҳукумат 28 Iyul 2021 7188

    Таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев 28 июл бахшида ба васеъ гардондани дастгирии давлатӣ ба кӯдакони ногиро, ятимон ва кӯдакони бепарастор, инчунин такмил додани низоми кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ҷамъомади  видеоселекторӣ баргузор гардид.

    Дар мамлакати мо якчанд намуди муассисаҳо оид ба тарбия ва дастгирии кӯдакони ниёзманди ҳифзи иҷтимоӣ мавҷуданд. Ҳамин тавр, дар 13 Хонаи кӯдакон 560 кӯдак, дар 16 Хонаи меҳрубонӣ ва 4 шаҳраки кӯдакон 1823 кӯдак, дар 86 мактаб-интернати махсус 21 ҳазор писар ва духтар тарбия мегиранд. Ғайр аз ин, 79 ҳазор кӯдак зери васоят, парасторӣ ва патронати оилавӣ тарбия меёбанд.

    Дар маҷлис вазъи корҳо дар соҳаи тарбия ва таълим, таъминоти манзил ва кор барои хатмкунандагони ин муассисаҳо таҳлил карда шуд.

    Қайд гардид, ки дар даҳ соли охир хатмкунандагони Хонаҳои меҳрубонӣ ва шаҳракҳои бачагона 51 фоиз бо манзил, 64 фоиз бо кор таъмин шуданд. Сифати бади таълим дар ин муассисаҳо зикр гардид.

    Сарвари давлат ба зарурати тарбияи фарзандонро дар Хонаҳои меҳрубонӣ дар шароити ба оила наздик, ҳамчун шахсони соҳибмаълумот, маънавияташон баланд ва ватандӯст таъкид кард.

    Бо ин мақсад ҷорӣ намудани низоми нав ба нақша гирифта шудааст. Ҳамин тариқ, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои тарбияи бачаҳо дар 16 Хонаи меҳрубонӣ ва 4 шаҳраки кӯдакон масъул мегардад. Барои ин вазифаи дахлдори муовини фармондеҳ ҷорӣ карда, шӯъбаи алоҳида ташкил карда мешавад.

    Усулҳои нав тарбияи бачаҳо дар Хонаҳои меҳрубонӣ, ба онҳо омӯзондани технологияҳои иттилоотӣ, забонҳои хориҷӣ, касбҳо ва соҳибкорӣ, бо варзиш шуғл варзидани онҳо ташкил карда мешаванд. Ба писарону духтарони аз 14-сола боло касбҳои аз ҳама серталаб омӯзонида мешаванд.

    Ба Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсус ва Вазорати туризм ва варзиш супориш дода шуд, ки ба ҳар як Хонаи меҳрубонӣ ва шаҳраки кӯдакон донишгоҳҳо ва мактабҳои варзиширо вобаста кунанд. Онҳо маҳфилҳои илмӣ ва варзишӣ ташкил мекунанд, муаллимони ҷалбшуда музди иловагӣ мегиранд.

    Ғайр аз ин, Хонаҳои меҳрубонӣ, ки дар ҳолати вазнин қарор доранд, ба ихтиёри Маъмурияти Президент, Девони Вазирон ва ҳокимиятҳои вилоятӣ дода мешаванд.

    Имрӯз, 17 фоизи тарбиягирандагони Хонаҳои меҳрубонӣ - ятимон, 83 фоиз - кӯдаконе мебошанд, ки волидон ё хешовандони наздикашон ба ҳоли худ гузоштаанд. Қайд карда шуд, ки дар сурати расонидани кӯмаки молиявӣ, аксари кӯдакон метавонанд ба оилаҳои худ баргардонида шаванд.

    79 ҳазор кӯдак дар мақомоти васоят ва парасторӣ сабти ном шуда, 35 ҳазор нафари онҳо ба фарзандӣ гирифта шудаанд. Аммо, барои кор бо онҳо дар ҳар як шӯъбаи ноҳиявӣ ва шаҳрии маорифи халқ танҳо як корманд таъин шудааст.

    Қайд карда шуд, ки ин кофӣ нест ва қарор қабул шуд, ки шӯъбаҳои васоят, парасторӣ ва патронат бо 4 воҳиди штатӣ дар ҳар як ҳокимияти ноҳия ва шаҳр таъсис дода шаванд.

    Инчунин, аз ҳисоби намояндагони Гвардияи миллӣ, мақомоти таҳсилоти томактабӣ, маорифи халқ, маҳаллаҳо ва секторҳо гурӯҳҳои корӣ ташкил карда мешаванд. Ба зиммаи онҳо вазифаи ҳар ҳафта ташриф оварда, омӯхтани шароити зиндагии кӯдакони таҳти васоят, парасторӣ ва патронат қарордошта гузошта мешавад.

    Барои кӯдакони таҳти васоят, парасторӣ ва патронат қарордошта, то синни 18-солагӣ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ 1,2 миллион сӯм ва кӯдакони ногироӣ дошта аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ 2,5 миллион сӯм пардохт карда мешаванд. Барои оилаҳое, ки кӯдакони фарзандхондашудаи маъюбро тарбия мекунанд, мӯҳлати нигоҳубини онҳо ба собиқаи корӣ дохил карда мешавад.

    Аз 1 сентябр ҳаҷми кӯмакпулӣ ба чунин оилаҳо аз рӯи шумораи кӯдакон дар оила муайян карда мешавад. Ҳамзамон, синну соли кӯдаконе, ки бояд кӯмакпулӣ таъин карда шаванд, аз 14 то 18 сол ва мӯҳлати пардохт аз 6 то 12 моҳ зиёд карда мешавад.

    Ғайр аз ин, фарзандони оилаҳое, ки ба "дафтари оҳанин" дохил карда шудаанд, инчунин кӯдаконе, ки саробони худро гум кардаанд ва кӯдакони ногиро барои омодагӣ ба мактаб 500 ҳазор сӯмӣ мегиранд.

    Кӯдакони таҳти васоят, парасторӣ ва патронат, инчунин аз истифодаи квотаи иловагӣ барои дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ, ки барои хатмкардагони Хонаҳои меҳрубонӣ муқаррар шудаанд, истифода мебаранд.

    Президент оид ба минбаъд васеъ гардондани дастгирии давлатии хатмкунандагони Хонаҳои меҳрубонӣ супориш дод.

    Аз ҷумла, манзилҳои нав ба ятимони аз 18-сола боло, ки ба манзил ниёз доранд, ройгон дода мешавад. Бо ин мақсадҳо имсол аз буҷа 120 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад.

    Навоварии дигар ин 50 дарсад афзоиш додани ҳаҷми стипендия барои донишҷӯёни боистеъдод, ки ятиманд ва ё парастории волидонро аз даст додаанд, мебошад. Инчунин, мӯҳлати пардохти нафақа ба чунин донишҷӯён аз 18 соли ҳозира то 23 сол зиёд карда мешавад. Онҳо барои хариди адабиёти зарурӣ ҳар сол 1,2 миллион сӯм кӯмаки якдафъаина мегиранд.

    Дар ҷамъомад инчунин масъалаҳои дастгирӣ ва табобати кӯдакони ногиро муҳокима шуданд. Сарвари давлат дастур дод, ки барои таъмини чунин кӯдакон бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ ва аробачаҳои маъюбон, анҷом додани амалиёти ҷарроҳӣ, насб кардани имплантатҳо ва протезҳо маблағҳои иловагӣ ҷудо карда шавад.

    Инчунин имкони беҳтар кардани шароити мактабҳои махсус тавассути ба онҳо вобаста намудани корхонаҳо ва кластерҳои калон зикр гардид.

    Муайян карда шудааст, ки ба ҷои комиссияҳои кор бо ноболиғон Комиссияи миллии кӯдакон ташкил карда мешаванд, ба комиссияҳои ҳудудӣ ҳокимони вилоятҳо роҳбарӣ мекунанд.

    - Дастгирии кӯдакони аз парастории волидайн маҳрумшуда, кӯдакони ногиро, ҳамчун аъзои фаъоли ҷомеа тарбия намудани онҳо аз ҳамаи мо диққати ҷиддӣ ва ҳаракатҳои амалиро талаб мекунад. Ҳеҷ кӯдак набояд аз ятим ё маъюб буданаш пушаймон шавад, набояд аз таваҷҷӯҳи давлат ва ҷомеа дар канор монад. Омӯзонидани онҳо ба касбҳои муосир, фароҳам овардани тамоми шароит на танҳо вазифа, балки қарзи муқаддас мебошад. Агар мо ба масъала аз ин нуқтаи назар муносибат кунем, пас дар кори мо албатта натиҷаҳо ҳосил хоҳанд шуд. Ҳар як амали нек ба фарзандони мо даҳ маротиба подош хоҳад дод, - гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Дар вохӯрӣ масъулин, омӯзгорон ва ҷавонон оид ба масъалаҳои баррасишуда ибрози андеша карданд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates