Нақшаҳо оид ба диверсификатсияи саноати кимиё баррасӣ гардидарнд

    Президент Шавкат Мирзиёев бо иҷрои лоиҳаҳои саноати кимиё ва муаррифии нақшаҳо оид ба диверсификатсияи шабака шинос шуд.

    Дар натиҷаи ислоҳот дар шабака тамоюлҳои бозорӣ роҳандозӣ шуда, барои сармоягузорӣ роҳи васеъ боз гардид. Барои тавсеаи силсилаи истеҳсолот дар Навоӣ, Фарғона, Қӯнғирот 3-то кластери кимиёӣ, дар Чирчиқ ва Ҷиззах 2 технопарк ташкил гардид. Заводи суперфосфати Қӯқанд комилан бозсозӣ шуд.

    Дар панҷ соли охир 20 корхонаи нав боз гардида, беш аз 4 ҳазор ҷойи корӣ таъсис ёфт. Ба шабака брендҳои байналмилалӣ ворид шуданд, истеҳсоли маҳсулоти хурди тоннаҷи роҳандозӣ гардид. Дар натиҷа истеҳсолот дар саноати кимиё 1,5 баробар афзуд.

    Дар тақдимот масъулон дар бораи кор ва нақшаҳои имсола ҳисобот доданд.

    Зикр гашт, ки дар семоҳаи аввали соли равон дар шабака 181 миллион доллар сармоя аз худ гардида, 3 лоиҳа бар маблағи 39 миллион доллар ба кор дароварда шуд.

    Акнун, дар семоҳаи дувум аз ҳисоби аз худ кардани 170 миллион доллари сармояи хориҷӣ ба кор андохтани корхонаҳои «сабз»-и гидроген ва намаки сианид дар назар аст.

    Раванди рақамикунонӣ идома ёфта, ҳамгироии шабака бо бахшҳои шарик васеъ мегардад. Дар низоми ягонаи хазинадории корхонаҳои кимиё модулҳои иловагӣ кушода мешавад. Кори “Платформаи ягонаи рақамӣ” анҷом ёфта, 15 нишондоди иқтисодии корхонаҳо инъикос карда мешавад.

    Боз як вазифаи муҳим – самарадории энергия. Зарурияти кам кардани арзиши аслӣ тавассути сарфаи энергия ва афзунсозии сатҳи истифода аз иқтидорҳои истеҳсолот таъкид гардид.

    Зикр гашт, ки дар соҳа ҳанӯз имкониятҳои истифоданашуда бисёранд. Дар бозори дохилӣ, ки босуръат рушд мекунад, талаб ба маҳсулот меафзояд. Шароити ноустувори бозори ҷаҳонӣ низ вазифаҳои нав ба миён меорад.

    Бинобар ин, чораҳо барои тағйироти сохтории шабака, маҳаллисозӣ ва зиёд кардани арзиши иловагӣ баррасӣ шуданд.

    Дар назди маъсулон вазифа гузошта шуд, ки дар асоси талаботи имрӯз ва нишондодҳои ояндаи иқтисодӣ оид ба рушди саноати кимиё барномаи нав таҳия созанд. Зарурати эътибори алоҳида ба мутанаввеъсозии шабака тавассути азхудкунии самтҳо, истеҳсоли маҳсулот бо арзиши афзудаи боло дар ин раванд ёдовар карда шуд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates