Саноати кимиё ба яке аз драйверҳои асосии иқтисодиёти мо табдил меёбад. Пештар соҳа барои кишоварзӣ асосан нуриҳои минералӣ истеҳсол мекард ва ҳиссаи чунин маҳсулот тақрибан 80 фоизро ташкил медод. Имрӯз аз ҳисоби истеҳсоли полимерҳои замонавӣ ҳиссаи нуриҳои минералӣ 10 фоиз кам шуда, ҳаҷми маҳсулоти таъиноти дигар 6 баробар афзоиш ёфтааст.

Дар давоми панҷ соли охир ҳаҷми истеҳсолот дар низоми «Ӯзкимёсаноат» 4 маротиба афзуда, содироти маҳсулоти кимиёвӣ ба 250 миллион доллар расид.

Дар ин нақши ҷамъияти саҳҳомии «Навоиазот» калон аст. Он тақрибан нисфи истеҳсоли маҳсулоти кимиёвиро ташкил медиҳад, дар ин ҷо қариб 9 ҳазор муҳандис, технолог ва коргар кор мекунанд. Заводҳои ба кор андохташудаи истеҳсоли кислотаи азотӣ, аммиак ва карбомид ба рушди соҳа такони иловагӣ мебахшанд. Татбиқи лоиҳаҳо ба маблағи 1,5 миллиард доллар ҳаҷми истеҳсолотро дар «Навоиазот» 3 маротиба – аз 150 миллион то 410 миллион доллар дар як сол афзоиш медиҳад.

Ин маҷмӯъҳои замонавӣ, ки бо технологияҳои пешқадамтарини бори аввал ба Ӯзбекистон овардашуда муҷаҳҳаз гардонда шудаанд,  дар қатори дигар объектҳои кӯҳнаи корхонаи шастсоларо пурра иваз мекунад.

Аз ҷумла, корхонаи аввал соле 660 ҳазор тонна аммиак ва 578 ҳазор тонна карбомид истеҳсол мекунад. Дар баробари ин сарфи энергия ба истеҳсоли як тонна аммиак 2,5 баробар коҳиш меёбад.

Корхонаи дуюм дар як сол 500 ҳазор тонна кислотаи азотӣ истеҳсол мекунад ва истеъмоли нерӯи барқро 18 маротиба коҳиш медиҳад.
Танҳо ин ду лоиҳа арзиши аслии нуриҳои азотиро 30 фоиз коҳиш медиҳад.

– Дар паси рақамҳо кори душвор ва ҳамзамон шарафноки ҳазорон коргарони меҳнатдӯст, фидокори корхона, мутахассисони баландихтисос ниҳон аст, – гуфт Шавкат Мирзиёев ва ба ҷамоаи коллектив миннатдорӣ изҳор кард.

Сарвари давлат бо пахши тугмаи рамзӣ дар корхонаҳо истеҳсоли кислотаи азотӣ, аммиак ва карбомидро ба роҳ монд.

28 декабри соли 2019 дар ин ҷо маҷмӯи истеҳсоли поливинилхлорид, содаи каустикӣ ва метанол ба кор дароварда шуда буд.

Имрӯз сохтмони навбатии дуюми заводи истеҳсоли поливинилхлорид оғоз ёфт. Лоиҳаи арзишаш 400 миллион доллар соле иқтидори истеҳсоли поливинилхлоридро аз 100 ҳазор то 200 ҳазор тонна, содаи каустикӣ – аз 75 ҳазор то 165 ҳазор тонна зиёд мегардонад. Ҳамин тариқ истеҳсоли маҳсулоти серхаридор дар ҳаҷми 210 миллион доллар дар як сол дар саноати электротехника, мебел, сохтмон, кимёи маишӣ ва дигар соҳаҳо ба роҳ монда мешавад. Баҳрабардории он то соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин муҳим аст, ки дар асоси корхонаи мазкур дар пойгоҳи «Навоиазот» ва заводи электрокимиёвӣ бунёди комбинати калони кимиёвию технологӣ пешбинӣ шудааст.

Сарвари давлатамон иқтидор ва пешомади иттиҳодияи мазкурро таъкид кард.

– Дар ин кластер дар солҳои наздик 23 лоиҳа ба маблағи 3,4 миллиард доллар амалӣ хоҳад шуд. Дар кластер 33 намуди маҳсулоти арзиши иловагиаш баланд истеҳсол карда мешавад. Аз ҷумла, то охири сол кластер ду лоиҳаи истеҳсоли маҳсулотро барои саноати кимиё, чарм, мебел ва масолеҳи сохтмонӣ оғоз мекунад. Аз ҳама муҳимаш, дар ин замина дар «Навоиазот» зиёда аз 3 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд, – гуфт Президент.

Лоиҳаҳои иқтисодӣ дар кишвари мо ба принсипҳои ҷойгиркунии оқилона ва мукаммал асос ёфтаанд. Ҳамин тариқ то соли 2030 сохтмони нерӯгоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бо иқтидори умумии 8 ҳазор мегаватт ба нақша гирифта шудааст, ки дар як сол 5 миллиард метри мукааб гази табииро сарфа мекунад. Ин газ барои истеҳсоли маҳсулоти  арзиши иловагиаш баланд истифода мешавад.

Пештар мо асосан пахта ва газ мефурӯхтем, ҳоло мо ба хориҷ намефурӯшем, балки худамон аз нав кор мекунем. Мо ҳатто ҳангоми зарурат харидорӣ мекунем. Чаро? Корхонаҳо зиёд мешаванд, бештар маҳсулот истеҳсол мекунанд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Ба ин муносибат дар солҳои наздик ташкил намудани 6 кластери кимиёвию технологӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аввалинаш кластер дар «Навоиазот» гардид.

Кластери дуюм дар вилояти Бухоро воқеъ гардида, аз гази табиӣ истеҳсоли полиэтилентерефталат (ПЭТ), поливиниласетат (ПВА), полипропилен ва дигар полимерҳоро ба роҳ мемонад. Дар он ҷо даҳҳо корхонаҳои замонавӣ оид ба истеҳсоли маҳсулоти тайёр бунёд карда мешаванд.

Кластери сеюм дар пойгоҳи маҷмӯи газу кимиёи Шӯртан ва заводи нуриҳои калийдори Деҳқонободи вилояти Қашқадарё сохта мешавад. Он ҷузъҳои  асосии воситаҳои шустушӯй ва кимиёи маишӣ, полиэтилени биомодалӣ ва дигар молҳоро истеҳсол хоҳад кард.

Кластери чорум дар пойгоҳи «Фарғонаазот» барои саноати бофандагӣ лак, меламин, мебел ва нахҳои синтетикӣ истеҳсол мекунад.

Кластери панҷум дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, дар Устюрт ҷойгир хоҳад шуд. Дар ин ҷо истеҳсоли содаи хокистар, поливинилхлорид, полиэтилен ва полипропиленро ташкил мекунад.
Кластери шашум дар вилояти Тошканд фосфати моноамонӣ, карбомиди сулфур, нуриҳои минералии дигари фосфорӣ ва митрогенӣ, протеин ва воситаҳои шустушӯйӣ истеҳсол хоҳад кард.
Дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳаҳо то соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ нисбат ба соли ҷорӣ се маротиба афзоиш ёфта, дар соли 2030 7 фоизи ММД-ро ташкил хоҳад кард.

Сарвари давлат зарурати тайёр кардани мутахассисони баландихтисосро барои лоиҳаҳои азим дар ин самт таъкид кард.

Барои ин дар шаҳраки Улуғбеки Тошканд дар соҳаи кимиё кластери илмию таълимӣ ташкил карда хоҳад шуд. Ба ин кластер 4 муассисаи таҳсилоти олӣ ва як маркази замонавии илмии кимё дохил мешаванд.

Президент ба таҳкурсии корхонаи ояндаи истеҳсоли поливинилхлорид капсула гузошт.