Сарвари давлат мувофиқи анъана сафари худро ба Самарқанд аз зиёрати мақбараи Имом Бухорӣ оғоз намуд. Қуръон тиловат намуда, дуо хонда шуд.
Бо ташаббуси Сарвари давлат, маҷмааи мазкур дубора бо тарзе бунёд ёфт, ки ба мақоми баланд ва мавқеи бузурги муҳаддиси маъруф дар ҷаҳони ислом муносиб бошад. Барои зиёраткунандагон шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Дар ҳудуде, ки масоҳати умумӣ 45 гектарро ташкил мекунад, мақбараи бузург, масҷид барои 10-ҳазор нафар, бинои маъмурият, осорхона, айвонҳои даромад ва баромад сохта шудаанд. Минорҳои 75-метрӣ дар чор гӯшаи зиёратгоҳ ба он шукӯҳи хоса мебахшанд.
Бо назардошти он ки ин макон на танҳо ҷойи зиёрат, балки маркази илму маърифат, тарбия ва ибрат бошад, ҷустуҷӯҳои бузург, таҳқиқот ва камолоти Имом Бухорӣ барои зиёраткунандагон, бахусус, ҷавонон намунаи неки ибрат гардад, дар маҷмаа осорхонаи инноватсионӣ таъсис ёфт. Ин таҷассумгари зиндагӣ ва мероси илмии Имоми Бухорӣ мебошад, ки дар ҷаҳони ислом ҳамчун султони ҳадисҳо пазируфта шудааст, инчунин саҳми ӯро дар рушди илми исломӣ ва фарҳанг инъикос мекунад.
Агар қаблан маҷмаа дар як рӯз ба 12 ҳазор зиёраткунандагон хидмат расонда бошад, ҳоло барои хидматрасонӣ ба 65 ҳазор меҳмон тибқи стандартҳои байналмилалӣ имкон фароҳам гардидааст.
Ғайр аз ин, дар ҳудуд Маркази байналмилалии илмиву тадқиқотии Имом Бухорӣ ва Мактаби илми ҳадис ҷой гирифтаанд.
570 миллиард маблағ сарф гардида, дар атрофи зиёратгоҳ меҳмонхона ва нуқтаҳои савдо-хидматрасонӣ ташкил гардиданд. Дар ин замина як меҳмонхонаи чорситорадор, ду меҳмонхонаи сеситорадор ва 22 меҳмонхонаи оилавӣ бунёд гардиданд. Ин иншоот пурра ба шабакаҳои коммуникатсионӣ пайваст буда, ҳудуди онҳо обод шудааст. То соли 2026 анҷом додани корҳои сабзазоркунии ҳудуд ва таъсиси истгоҳҳои нақлиётӣ ба нақша гирифта шудааст.
Сарвари давлат таъкид кард, ки зиёратгоҳи Имом Бухорӣ ба намунаи равшани мероси ғании маънавӣ ва иқтидори созандагии халқамон табдил ёфтааст ва аз рӯйи босифату саривақтӣ иҷро кардани корҳои ниҳоии ободонӣ, ки ҳоло дар маҷмаа идома доранд, ба масъулон супориш дод.