Имом Бухорӣ дар ҷаҳони ислом соҳиби эҳтироми бузург аст, инсонҳое, ки мехоҳанд мақбараи ӯро зиёрат кунанд, хеле зиёданд. Аз ин рӯ, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид дар ин ҷо маҷмуаи нав бунёд мегардад.

Дар рафти ташриф Сарвари давлатамон бо рафти корҳои сохтмонӣ шинос шуд.

Майдони умумии маҷмуа ба 44 гектар васеъ карда шудааст. То имрӯз сохтмони мақбара, масҷид барои 10 ҳазор нафар ва чаҳор манора ба анҷом расидааст.

Маҷмааи нав на танҳо ба зиёратгоҳ, балки ба маркази маърифат, тарбия ва ибрат низ табдил хоҳад ёфт. Дар он осорхона, маъмурият, меҳмонхона ва дигар биноҳои хидматрасонӣ мавҷуданд. Дар пештоқ ва деворҳои айвонҳо ҳадисҳои маҷмӯаи “Саҳеҳи Бухорӣ” навишта мешаванд.

Ба Президент дар бораи шароити маҷмуа маълумот дода шуд. Зарурати шинонидани дарахти бештар дар ҳавлӣ ва хиёбонҳои мақбара таъкид карда шуд.