Мувофиқи қарори сарвари давлат, соли гузашта дар кишвари мо 1155-солагии зодрӯзи асосгузори илми ақида Абӯмансури Мотуридӣ ба таври васеъ ҷашн гирифта шуд. Ба ин муносибат, дар ҳудуди қабристони Чокардизаи шаҳри Самарқанд корҳои таъмир ва ободонии маҷмааи Имом Мотуридӣ оғоз гардида буд.

Ҳоло дар маҷмаа ва атрофи он корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ идома доранд. Дар ҳудуд, ки 10,2 гектар масоҳати умумӣ дорад, маҷмааи Имом Мотуридӣ аз нав бунёд шуда, масҷиди дорои 250 ҷойи нишаст, дарвозаи даромад, маркази илмӣ, китобхона, музей ва таваққуфгоҳ сохта мешаванд.

Ҳамчунин, дар рафти корҳои сохтмонӣ дар қабристони Чокардиза ҷойи дафни фақеҳи бузург Бурҳониддин Марғинонӣ муайян гардида, дар он ҷо мақбара сохта мешавад.

Олимон ёдоварӣ шуда, оятҳои Қуръон тиловат гардиданд.

Сарвари давлат корҳои ободониро аз назар гузаронида, таъкид кард, ки ин макон яке аз зиёратгоҳҳои муҳим барои мусулмонони ҷаҳон мебошад ва барои онҳо бояд шароити мутобиқ ба талаботи замон фароҳам оварда шавад.

– Шахсе, ки ба маҷмаа меояд, пеш аз ҳама бояд дар бораи мероси илмӣ ва маънавии Имом Мотуридӣ, мавқеи ӯ дар ҷаҳони ислом тасаввуроти равшан пайдо кунад ва дарк намояд, ки андешаҳои маърифатпарваронаи мутафаккир имрӯз ҳам аҳамияти худро гум накардаанд, – гуфт Президент.

Аз рӯйи босифат ва сари вақт анҷом додани сохтмон, инчунин зиёд намудани майдонҳои сабз дар ҳудуд дастурҳо дода шуданд.