Ташаббусҳои Президенти Ӯзбекистон дар робита ба Афғонистон дар сатҳи байналмилалӣ дастгирӣ меёбанд

    Тавре қаблан хабар дода будем, 11-уми декабр дар Ашқобод ҳайати Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Раиси Сенати Олий Маҷлис дар Конфронси байналмилалии «Муколама - гарави сулҳ», ки ба ҷашни 27-солагии бетарафии Туркманистон бахшида шудааст, ширкат варзиданд.

    Дар чорабинӣ намояндагони созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили СММ ва ниҳодҳои тахассусии он, СДТ, Иттиҳоди Аврупо, инчунин роҳбарони корпусҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар Ашқобод ширкат доштанд.

    Зимни суханронӣ дар конфронс муовини роҳбари Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид оид ба кумак ба Афғонистон Маркус Потсел қайд кард, ки истиқрори сулҳу субот дар сарзамини Афғонистон, ба даст овардани ризоияти миллӣ ва таъмини раванди фарогири сиёсӣ зарурати нигоҳ доштани муколама бо Афгонистонро тақозо мекунад.

    Дар ин замина намояндаи Созмони Милали Муттаҳид изҳор намуд, ки ташаббуси Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро оиди таъсиси гурӯҳи байналмиллалии музокира оид ба Афғонистон, ки 13 октябри соли ҷорӣ дар ҷаласаи VI Машварати ҳамкорӣ ва таҳкими боварӣ дар Осиё ба миён гузошта шуда буд, пурра дастгирӣ менамояд.

    Маркус Потсел қайд намуд, ки ин формати беназири мазкур ба муваффақ гардидан ба консенсуси васеъ оид ба мушкилоти Афғонистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ва таҳияи равишҳои ҳамоҳангшудаи ҳамкорӣ бо ҳукумати муваққатии Афғонистон мусоидат мекунад, хабар медиҳад хидмати иттилоотии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates