Ин истирдод бо шарофати ҳамкории фаъолонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳар ду кишвар имконпазир гардид. Дар ҷаласаи виртуалӣ намояндагони Интерпол масъалаҳои ҳамкории фаврӣ оид ба ҷустуҷӯ ва истирдоди ҷинояткоронро баррасӣ карданд. Дар ҷараёни музокирот ба тавофуқ расиданд, ки се нафар ба ҷониби Ӯзбекистон супорида шаванд, баъдан ба ҳайати Ӯзбекистон пешниҳод шуд, ки барои идомаи музокирот ба АМА сафар намоянд.
Дар Дубай вохӯрии ҳайати Бюрои миллии марказии Интерполи Тошканд бо роҳбарияти Интерполи Абу-Даби ва полиси аморат баргузор гардид. Ҷонибҳо дар бораи ҳузури афроди муттаҳам дар содир кардани ҷиноят дар Амороти Муттаҳидаи Арабро баррасӣ ва рӯйхатҳои дахлдорро табодули карданд.
Дар натиҷаи ин музокирот ба созиш расиданд, ки 12 шаҳрванди Ӯзбекистон, ки дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доштанд, истирдод карда шаванд. Ҳамаи онҳо ба ватан баргардонда шуда, барои ҷавобгарӣ тибқи қонун ба мақомоти дахлдор супорида шуданд.








