Ба сармоягузорон барои сохтмони меҳмонхонаҳо дар Хоразм субсидия дода мешавад

    Молия 21 Aprel 2025 924

    Тибқи Қарори Ҳукумат (№ 233 аз 17.04.2025), Низомномаи муваққатӣ «Дар бораи тартиби ҷудо намудани субсидияҳо ба сармоягузорон аз буҷети давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои сохтмон ва муҷаҳҳазсозии меҳмонхонаи нав дар вилояти Хоразм» қабул гардид.

    Низомнома тартиби ҷудо намудани субсидияҳоро аз Буҷети давлатӣ барои пӯшонидани як қисмати хароҷоти сохтмон ва муҷаҳҳазсозии меҳмонхонаи нав дар вилояти Хоразм, дар муҳлатҳое, ки бо Қарори Президент муайян шудаанд (аз 1 январи соли 2025 то 31 декабри соли 2026), муқаррар менамояд.

    Субсидияҳо ба андозаҳои зерин ҷудо карда мешаванд:

    барои ҳар як ҳуҷра дар меҳмонхонаи бе категория – 10 миллион сӯм;

    барои ҳар як ҳуҷра дар меҳмонхонаи категорияи 1-ситорадор – 15 миллион сӯм;

    барои ҳар як ҳуҷра дар меҳмонхонаи 2-ситорадор – 20 миллион сӯм.

    Ҳамзамон, меҳмонхона бояд ҳадди аққал 2 ошёна дошта бошад.

    Меҳмонхона бояд на камтар аз 5 сол аз рӯзи гирифтани субсидия фаъолият намояд, ва агар он меҳмонхонаи категориядор бошад, бояд категорияи худро ҳадди аққал 5 сол нигоҳ дорад.

    No date selected
    May 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates