Бо ин мақсад қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар
бораи такмили низоми расонидани хизматҳои иҷтимоӣ ба шахсони дорои ҷои муайяни
зистнабуда» қабул гардид.
Тибқи қарори мазкур, ки 3 августи соли 2026 қабул
шудааст, Марказҳои тавонбахшии шахсони дорои ҷои муайяни зистнабудаи мақомоти
корҳои дохилӣ ба Марказҳои паноҳгоҳи муваққатӣ ва барқарорсозии иҷтимоӣ табдили
ном мекунанд.
Ҳамзамон, таҷрибаи ҷойгир намудани шахсони бехона дар
Марказҳои иҷтимоӣ бар асоси қарори суд бекор карда мешавад.
Аз 1 сентябри соли 2026:
- ба шахсони дар Марказҳои иҷтимоӣ ҷойгиршуда тибқи нақшаҳои
инфиродӣ хизматрасонӣ ва ёрии иҷтимоӣ расонида мешавад.
Аз 1 октябри соли 2026 шахсони бехонае, ки дар Марказҳои
иҷтимоӣ ҷойгир шудаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ҳамчун бекор
эътироф гардида, барои омӯзиши касбӣ ба онҳо тавассути шуъбаҳои кам кардани
камбизоатӣ ва мусоидат ба шуғли аҳолии ноҳияҳо (шаҳрҳо) ваучерҳо ҷудо карда
мешаванд.