Дар фурудгоҳи шаҳри Самарқанд Подшоҳи Урдунро Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев пешвоз гирифт.
Ба ифтихори меҳмони олӣ парчамҳои давлатии ду кишвар барафрохта ва карули фахрӣ саф оростанд.
Маросими бошукӯҳ бо иҷрои сурудҳо ва рақсҳои миллӣ баргузор гардид.
Чорабиниҳои асосии сафар пагоҳ ба нақша гирифта шудаанд. Имрӯз сарони давлатҳо якҷо аз ҷойҳои ҷолиби диққати шаҳри бостонии Самарқанд боздид хоҳанд кард.