Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Эрон дар Тошканд, ба шаҳрвандони Ӯзбекистон талаботи гирифтани раводиди сайёҳӣ, агар муҳлати будубош дар ҳар шаш моҳ аз 15 рӯз зиёд набошад, бекор карда шуд, хабар медиҳад АИ “Дунё”.
Қобили зикр аст, ки барои дигар намудҳои раводид талабот ҳамоно боқӣ мемонад.
Ёдовар мешавем, ки аз 16 феврал Аморати Муттаҳидаи Араб талаботи раводид барои шаҳрвандони Ӯзбекистонро барои будубоши на бештар аз 30 рӯз дар ин кишвар бекор мекунад.