"Зарбаи охирини мушакии мо бидуни ягон шакку шубҳа исбот кард, ки осмони болои қаламравҳои ишғолшуда (Исроил) акнун пурра зери назорати мост," — чунин овардаанд расонаҳои эронӣ суханони КСИР-ро.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки дар мавҷи охирини ҳамлаҳо ба мавқеъҳои дар Исроил ҷойгирбуда мушакҳои насли аввалини "Фаттох" истифода шуданд ва таъкид шудааст: "Мо шоҳиди оғози поёни системаи дифои зиддиҳавоии артиши сиҳюнистӣ ҳастем."
"Сокинони Тел-Авив ҳоло дар муқобили иқтидори мушакии Эрон комилан бенақша ва беҳифз мондаанд," — гуфтааст КСИР.
Генерал Ризо Талои-Ник, намояндаи Вазорати дифои Эрон, изҳор дошт, ки барои зарба ба "объекти иктишофии исроилӣ" Эрон бори аввал мушакҳое истифода кардааст, ки ошкор карданашон номумкин аст, хабар медиҳад хабаргузории ИРНА.
"Дар ҷараёни ҳамлаи имрӯза мо мушакҳое истифода кардем, ки пайгирӣ ё безарар гардониданашон номумкин буд," — гуфтааст генерал ба ИРНА.
Ҳамчунин, ИРНА хабар додааст, ки генерал Абдурраҳим Мусавӣ, раиси Кумитаи сардорони ситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Эрон, изҳор доштааст, ки амалиётҳое, ки Эрон аз рӯзи ҷумъаи гузашта алайҳи Исроил анҷом дод, хусусияти "боздоранда" доштанд, вале акнун "ҷазодиҳанда" хоҳанд буд.
Дар шаби 13 июн Исроил ба Эрон зарбаҳои густурда зад. Ҳадафи изҳоршудаи амалиёт — боздоштани фаъолиятҳои Эрон дар самти барномаи ҳастаӣ аст. Дар ҷавоб, тарафи Эрон ба қаламрави Исроил ҳамлаҳо оғоз кард. Табодули зарбаҳо идома дорад, менависад interfax.ru.