Бонки исломии рушд фаъолияташро дар Ўзбекистон васеъ мегардонад

    Молия 8 Iyul 2024 1199

    Сафири Ӯзбекистон Нодирҷон Турғунов бо директори генералии Департаменти банақшагирии лоиҳаҳои Бонки исломии рушд (БИР) Анас Айсам мулоқот кард.

    Дар рафти мулоқот масъалаҳои фаъолгардонии ҳамкории байни Ӯзбекистон ва БИР, имтиёзнок бо маблағ таъмин кардани лоиҳаҳои бузург, ки дар кишварамон таҳия мегарданд, дастгирии занону ҷавонон, ҷалби кумакҳои техникӣ ва башардӯстона баррасӣ гардиданд, хабар медиҳад хабаргузории «Дунё».

    Анас Айсам гуфт, тағйироти бесобиқае, ки дар Ӯзбекистон дар солҳои охир мушоҳида мешавад, аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон бо таваҷҷуҳи зиёд пайгирӣ мешавад. Таъкид гардид, ки ислоҳоти бунёдӣ таҳти роҳбарии Президенти Ӯзбекистон натиҷаҳои самарабахш дода, дар таҳкими мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти бузург дорад.

    Қайд гардид, ки бо назардошти татбиқи бомуваффақияти стратегияи ҳамкории Ӯзбекистон ва Бонки исломии рушд барои солҳои 2018-2022 стратегияи солҳои 2022-2026 таҳия шудааст.

    Ҷонибҳо доир ба имконоти маблағгузории лоиҳаҳо дар соҳаҳои нақлиёт, логистика, маориф, кишоварзӣ ва хоҷагии об, экология, чорводорӣ ва ғайра табодули назар карданд.

    Барномаҳое, ки ба дастгирии занон ва ҷавонон дар Ӯзбекистон нигаронида шудаанд, истиқбол карда, дурнамои густариши иштироки БИР дар онҳо баррасӣ шуданд.

    Илова бар ин, тасмим гирифта шуд, ки сафари амалии намояндагони Бонки исломии рушд ба Ӯзбекистон барои назорати доимии иҷрои лоиҳаҳое, ки аз ҷониби ин бонк татбиқ мешаванд ва баррасии нақшаҳои оянда ташкил карда шавад.