Сарвари давлатамон бори дигар президенти Бонки исломии рушдро ба муносибати моҳи сентябри соли гузашта дар шаҳри Тошканд бомуваффақият баргузор гардидани 46-умин ҷаласаи солонаи Шӯрои мудирони бонк табрик гуфт.
Президенти Ӯзбекистон аз рушди босуръати шарикӣ бо БИР изҳори қаноатмандӣ намуда, нақши стратегии бонкро дар пешбурди барномаи ислоҳоти васеъмиқёс дар Ӯзбекистон таъкид кард.
Айни замон дар кишвари мо дар якҷоягӣ бо БИР лоиҳаҳои навсозии инфрасохтори манзилию коммуналӣ, рушди деҳот, соҳаи тандурустӣ, маориф, хоҷагии об, соҳибкорӣ ва ғайра дар маҷмӯъ ба маблағи 1,2 миллиард доллар амалӣ карда мешаванд. Дар рафти музокирот масъалаҳои вусъати минбаъдаи ҳамкорӣ муҳокима шуданд. Барномаи алоҳида қабул карда шуд, ки то охири сол аз тарафи Бонк тасдиқ намудани маблағгузории лоиҳа ва барномаҳои муҳимро дар ҳаҷми 1,6 миллиард доллар пешбинӣ менамояд. Тавре зикр гардид, ин як қадами муҳим дар роҳи ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибатҳо бо БРИ ва қабули барномаи ҳамкории кишвар барои солҳои 2023-2026 хоҳад буд.
Муҳимияти ташкили ҳарчи зудтари фаъолияти намояндагии комилҳуқуқи бонк дар Тошканд, ҷорӣ намудани воситаҳои нави маблағгузорӣ қайд карда шуд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки Фонди тавонмандии иқтисодии Ӯзбекистон метавонад дар ҳалли мушкилоти коҳиши камбизоатӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолӣ, рушди соҳибкорӣ, бахусус занону ҷавонон саҳми муҳим гузорад.
Аз рӯи масъалаҳои ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои муҳими минтақавии инфрасохтори нақлиётӣ, барномаҳои экологӣ дар минтақаи баҳри Арал, инчунин расонидани кумаки башардӯстона ба Афғонистон ва барқарорсозии иҷтимоию иқтисодии он бо дастгирии фонди махсуси трастӣ БИР мубодилаи афкор барпо гардид.
Дар мавриди баррасии санаҳои баргузории ҷаласаи навбатии Гурӯҳи ҳамоҳангсозии арабӣ дар Тошканд, ки бонк сарварӣ мекунад ва дар худ ниҳодҳои бонуфузи молиявии дунёи исломиро фаро мегирад, тавофуқ ҳосил шуд.