Дар ин бора Euronews бо истинод ба гузорише, ки дар маҷаллаи тиббии Lancet нашр шудааст, хабар медиҳад.
Тибқи пешгӯиҳо, соли 2050 аз саратон 18,6 миллион нафар фавтида, шумораи ҳолатҳои нави ин беморӣ дар ин давра беш аз 60% афзуда, ба 30,5 миллион нафар мерасад.
Дар айни ҳол беш аз 40% ҳолатҳои марг аз саратон бо 44 омилҳои хавфноки рафторӣ, экологӣ ва мубодилаи моддаҳо, аз ҷумла тамокукашӣ, ғизои носолим ва сатҳи баланди қанди хун алоқаманд мебошанд, омадааст дар гузориш.
Тадқиқот, ки солҳои 1990–2023 идома ёфт, 47 навъи саратон-ро фаро мегирад. Тибқи маълумоти гузориш, дар соли 2023 дар ҷаҳон 18,5 миллион ҳолати нави ин беморӣ ва 10,4 миллион ҳолати марг аз он ба қайд гирифта шудааст, ки ин ба таври назаррас бештар нисбат ба соли 1990 мебошад. Аз ин шумора 57,9% ҳолатҳои беморӣ ва 65,8% ҳолатҳои марг дар кишварҳои дорои даромади паст ва болотар аз миёна ба қайд гирифта шудаанд. Дар гузориш зикр мегардад, ки соли 2023 саратон дуюмин сабаби асосии марг дар ҷаҳон баъд аз бемориҳои дилу рагҳо будааст.
Тибқи пешгӯиҳо, дар солҳои наздик аз сатҳи рӯ ба афзоиши бемориҳои саратон бештар аз ҳама кишварҳои дорои даромади паст осеб хоҳанд дид. Ба ҳиссаи онҳо беш аз нисфи ҳолатҳои нави беморӣ ва ду се ҳиссаи ҳолатҳои марг то соли 2050 рост хоҳад омад, гуфта мешавад дар гузориш.
Муҳаққиқон даъват карданд, ки дастрасӣ ба ташхиси саривақтӣ ва дақиқи саратон, табобати босифат ва нигоҳубини дастгиркунанда, махсусан дар кишварҳои дорои сатҳи пасти даромад, беҳтар карда шавад, хабар медиҳад belta.by.