Ин лоиҳа яке аз бузургтарин тарҳҳои байналмилалии
кайҳонии таърихи Ӯзбекистон ба ҳисоб рафта, марҳилаи нави рушди барномаи миллии
кайҳонии кишварро оғоз намуд. Ҳамчунин он ба таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва
технологӣ миёни Ӯзбекистон ва Чин мусоидат мекунад.
Дар доираи лоиҳа мутахассисони Агентии «Ӯзбеккосмос» барои таҷҳизоти дохилии моҳвора
модули махсуси зеҳни сунъиро таҳия карданд. Ин технология имкон медиҳад, ки
маълумоти гиперспектралӣ бевосита дар мадор коркард шуда, самаранокии интиқол
ва таҳлили маълумот баланд гардад.
Миссияи «Самарқанд-2028» имкониятҳои истифодаи технологияҳои кайҳониро дар соҳаҳои
кишоварзӣ, экология, мониторинги захираҳои табиӣ, идоракунии захираҳои об,
назорати ҳолатҳои фавқулода, шаҳрсозӣ ва дигар самтҳо васеъ менамояд.
Номи «Самарқанд-2028» аҳамияти рамзӣ дорад. Ин ном ба қароре ишора мекунад, ки
соли 2025 дар Конгресси байналмилалии астронавтика (IAC) дар шаҳри Сидней қабул
шуда, мувофиқи он конгресси соли 2028 дар шаҳри Самарқанд баргузор хоҳад шуд.
Ин лоиҳа барои густариши иштироки Ӯзбекистон дар ҷомеаи ҷаҳонии кайҳонӣ, рушди
иқтидори муҳандисии миллӣ ва ба сатҳи нав баровардани ҳамкориҳои байналмилалӣ
дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва технологияҳои кайҳонӣ аҳамияти муҳим дорад.