Меҳмонро директори иҷроияи IT Park Uzbekistan Абдулаҳад Қўчқоров ва сардори шуъбаи сармояҳо ва муносибатҳои меҳнатӣ Нигора Мирҷалилова истиқбол намуда, ӯро бо фаъолияти ташкилот шинос карданд.
Мигел де ла Круз аз ташкили лоиҳаҳои муштарак, инчунин кушодани намояндагии ACIR Southern Europe дар Ӯзбекистон манфиатдор аст. Вай қайд кард, ки самтҳои асосӣ дар ин намояндагӣ метавонанд сармоягузорӣ ва сайёҳӣ бошанд – ширкат аллакай дар ин самт бо 5 кишвар: Андорра, Юнон, Испания, Италия, Португалия ҳамкорӣ дорад.
Ҷонибҳо ҳамчунин имкони ташкили лоиҳаҳои муштараки таълимӣ ва институтсионалӣ, масалан, курсҳои бизнеси тобистона ва курсҳо бо системаи гибридии омӯзиширо баррасӣ карданд. Мисол, Мигел де ла Круз пешниҳод кард, ки ACIR Southern Europe ҳамчун пайванд бо мактабҳои пешбари тиҷоратии Аврупо, ба монанди IESE Business School (University of Navarra) баррасӣ карда шавад. Вай афзуд, чунин барномаҳо дар Қазоқистон аллакай вуҷуд доранд.
Намояндагони IT Park пешниҳод карданд, ки дар доираи чорабинии Рӯзҳои Ӯзбекистон дар шаҳри Валенсия барои намоиши салоҳияти сармоягузорӣ ва имкониятҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотии Ӯзбекистон дар моҳи ноябр дар Мадрид семинари сармоягузорӣ ташкил карда шавад.
ACIR Southern Europe ба рушди муносибатҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва саноатӣ байни Испания, Португалия, Италия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад.
Ширкат лоиҳаҳоро дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт таҳия, маблағгузорӣ ва идора мекунад.