Мувофиқи барнома дар сатҳи олӣ гуфтушунид сурат мегирад.
Ба рӯзнома масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегии Ӯзбекистону Италия ва густариши ҳамкории мутақобилан судманд дар самтҳои афзалиятнок дохил шудаанд.
Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои татбиқи амалии тавофуқҳое, ки дар ҷараёни сафари Президенти Ӯзбекистон ба Италия моҳи июни соли ҷорӣ ҳосил шуда буданд, зоҳир карда мешавад.
Доир ба масъалаҳои актуалии сиёсати байналхалқӣ ва ҳамкории минтақавӣ табодули афкор барпо мегардад.
Дар поёни нишаст ба имзо расондани як қатор санадҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар назар аст.
Президент Серҷо Маттарелла инчунин ба шаҳрҳои Самарқанд ва Хива сафар карда, дар он ҷо бо мероси фарҳангиву таърихии Ӯзбекистон ошно мешавад.