Оид ба васеъ фаро гирифтан ва беҳтар намудани сифати фаъолияти мактабҳои махсус вазифаҳо муайян шуданд

    Ҳукумат 17 Yanvar 2022 7878

    Президент Шавкат Мирзиёев 17 январ оид ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълим ва тарбия дар мактабҳо, такмил додани фаъолияти мактабҳои махсус ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор намуд.

    Дар мамлакати мо бисёр муассисаҳои таълимӣ, аз чумла, мактабҳои махсус ташкил карда мешаванд. Сарвари давлат дар оғози кор оид ба бунёди мактабҳои президентӣ таъкид дошт, ки онҳо бояд барои дигар муассисаҳо намуна шаванд ва соҳаи маорифро тағйир диҳанд. Чӣ рух медиҳад: дар ҷамъият шавқу ҳавас ба илм пурзӯр шуд, бештари падару модарон саъю кӯшиш доранд, ки ба фарзандони худ, ҷавонон соҳиб шудан ба маълумоти хубро таъмин кунанд.

    Дар соли 2019 дар кишвар 271 мактаби махсус вуҷуд дошт. Дар натиҷаи ташаббус ва қарорҳои Президент оид ба такмил додани таълими фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ боз 126 мактаби махсуси математика ва физика, 87 мактаби химия ва биология, 99 мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва 207 мактаб бо забонҳои хориҷӣ созмон дода шуданд.

    Ҳамин тавр, шумораи мактабҳои махсус дар низоми таълими халқ ба 790 расид. 135-тои онҳо пурра махсус гардонида шуда, мақоми интернатро доранд. Дар 655 мактаби боқимонда таълими чуқури фанҳо танҳо дар синфҳои алоҳида ташкил карда шудааст. Барномаҳои таълимӣ, усулҳои таълим ва корҳои беруназсинфии онҳо аз барномаҳои дар мактабҳои оддӣ истифодашаванда амалан фарқ намекунанд. Масалан, дарсҳо дар синфҳои равияи математика ва забони хориҷӣ нисбат ба синфҳои оддӣ 2 соат зиёданд.

    Аммо ин барои қонеъ гардондани талаботи имрӯза ва ба суръати тараққиёт баробар шудан кифоя нест. Ба ин муносибат дар ҷамъомад масъалаҳои васеъ намудани фарогирии мактабҳои махсус ва беҳтар намудани сифати таълим баррасӣ шуданд.

    – Мо бояд амиқ дарк кунем, ки дар назди иқтисодиёти мо мақсадҳои хеле баланд қарор дорад. Имсол мо ният дорем, содироти худро ба 14 миллиард доллар расонем. То соли 2025 мо нақша дорем, маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ба 100 миллиард доллар ва содиротро ба 30 миллиард доллар расонем. Кӣ бо ин кор машғул мешавад? Кадрҳои соҳибмаълумот! – гуфт Президент.

    Муайян карда шуд, ки мактабҳои махсус тадриҷан ба тобеияти Агентии муассисаҳои таълимии президентӣ дода мешаванд.

    – Мо ин агентиро на танҳо барои 14 мактаб ташкил кардем. Он бояд таҷриба ва услуби Мактабҳои президентиро ба мактабҳои дигар паҳн намояд, – таъкид намуд Шавкат Мирзиёев.

    Аз ин рӯ, аз соли нави хониш дар шаҳри Нуқус ва марказҳои вилоят дутогӣ мактаб, дар ноҳия ва шаҳарҳо яктогӣ мактаб интихоб карда шуда, минбаъд онҳо ба низоми Агентии муассисаҳои таълимии президентӣ гузаронда мешаванд. Қайд гардид, ки дар ин маврид бояд хусусияти рушди соҳаҳо, фанҳоеро, ки омӯзиши онҳо дар он ё минтақаи алоҳида анъанавӣ мустаҳкам аст, ба назар гирифта шавад. Дастур дода шуд, ки гурӯҳи кории дахлдор таъсис дода, шароити минтақаҳоро омӯхта, мактабҳои интихобшуда дар асоси стандартҳои нав ба соли таҳсили оянда омода карда шаванд.

    Аҳамияти аз нав дида баромадани тартиби қабул ба ин гуна мактабҳо, системаи баҳодиҳии дониши хонандагону муаллимон низ қайд карда шуд. Сарвари давлат ба мазмуни раванди таълиму тарбия таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд.

    – Мактабҳои махсус барои он ки 2 соат зиёд таълим дода шавад, лозим нест. Кӯдакон бояд аз фанҳои тахассусӣ дониши амиқ гиранд, ҷаҳонбинии васеъ, шуури баланди миллӣ ва ҳисси ватандӯстӣ дошта бошанд, – гуфт Президент.

    Таъкид гардид, ки барои рушди таълими мактабӣ низ ҳокимиятҳои маҳаллӣ ва донишгоҳҳо масъуланд, ки бояд барои худ захираи ояндадори кадрҳоро ташкил диҳад.

    Дараҷаи таълиму тарбия пеш аз ҳама ба донишу салоҳияти муаллим вобаста аст. Аз ин рӯ, ба мактабҳои махсус директорону муаллимон дар асоси озмуни думарҳилавӣ қабул карда мешаванд. Ба Агентии муассисаҳои таълими президентӣ супориш дода шуд, ки дар асоси ин низом омӯзгорони баландихтисосро хоста гирифта, ба онҳо ба таври иловагӣ таълим диҳанд ва дар гирифтани шаҳодатномаҳои миллӣ ва байналмилалӣ мусоидат намоянд.

    Вазифа гузошта шуд, ки дар пойгоҳи Маркази маҳорати педагогӣ ва арзёбии байналмилалии агентӣ маркази илмӣ ташкил карда, он барои мактабҳои тахассусӣ дар асоси методологияи байналмилалӣ барномаҳои пешрафтаи таълимӣ таҳия хоҳад кард.

    Ба мақсади самарабахш ташкил кардани ин кор супориш дода шуд, ки шуъбаҳои ҳудудии Агентии муассисаҳои таълимии президентӣ дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳо ташкил карда шаванд.

    Сарвари давлат сифати пасти таълими забонҳои хориҷиро дар мактабҳо танқид кард.

    – Дар кишварҳои пешрафта дар донишгоҳҳо забон омӯзонда намешаванд. Аз ин рӯ, донишҷӯён аз хурдӣ ду забонро омӯхтаанд. Мо аз синфи якум то синфи ёздадум забонҳои хориҷиро меомӯзем. Аммо чанд фоизи кӯдаконе, ки мактабро хатм мекунанд, бо ин забонҳо ҳарф зада метавонанд?! Охир, барои ин чӣ қадар маблағи давлат ҷудо карда мешавад! Натиҷабахшӣ дар куҷост? – суоли ҳақдор гузошт Президент.

    Ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълим, амиқ омӯзондани фанҳо ва забонҳои хориҷӣ дар дигар мактабҳои низоми Вазорати маорифи халк дахл карда шуд.

    – То низоми таълимро «ба по нахезонем», ислоҳот муваффақиятнок нахохад шуд. Як вазорату идора аз ӯҳдаи ин вазифа баромада наметавонад. Тамоми халқ ва ҷамъияти мо бояд ба ин масъала қатъиян машғул шаванд. Тақдири мо аз мактаб, таълиму дониш вобаста аст, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки оид ба иҷрои вазифаҳои дар ҷамъомад муайянгардида лоиҳаи қарор омода намоянд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates