Кӯдаке, ки дар Қазоқистон бе парастории падару модар монда буд, ба Ӯзбекистон баргардонида шуд

    Дар Қазоқистон боз як ҳолати бе ҳамроҳии падару модар мондани ноболиғи шаҳрванди Ӯзбекистон ошкор гардид. Ба шарофати чораҳои фаврӣ, кӯдак ба Ватан баргардонда, ба намояндаи қонунии худ супорида шуд.

    7 апрели соли 2025 ноболиғ бо ҳамроҳии амакаш ба Қазоқистон рафта, таҳсилашро муваққатан қатъ намуда буд, то ба оилааш кӯмаки молиявӣ расонад. Аммо 2 май ӯ дар қаламрави кишвари ҳамсоя бе парастории волидон ошкор шуда, ба муассисаи кӯмаки иҷтимоӣ интиқол дода шуд.

    Тибқи қонунгузории Қазоқистон, танҳо падару модар ҳақ доранд ноболиғро аз чунин муассисаҳо бигиранд.

    Бо дахолати Агентии миллии ҳифзи иҷтимоии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Вазорати корҳои дохилӣ, рӯзи 20 май кӯдак ба Ӯзбекистон баргардонда, ба модараш супорида шуд.

    Дар айни замон, ба ӯ дар ҷойи зисташ кӯмаки зарурӣ расонида мешавад – чорабиниҳои барқарорсозӣ ва дастгирии иҷтимоӣ пешбинӣ шудаанд.

    Аз аввали соли 2025 то ҳол аз Қазоқистон ба Ӯзбекистон 12 ноболиғи бе парастории волидон монда баргардонда шудаанд. Панҷ нафари дигар бо кӯмаки мақомоти давлатӣ дар марҳилаи бозгашт қарор доранд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates