Бино ба иттилои ҳокимияти вилояти Сурхондарё ҳайати Ӯзбекистон таҳти роҳбарии намояндаи махсуси Президент Исматулло Иргашев, муовини аввали ҳокими вилоят Анвар Орипов, ки ба шаҳри Хайратон омадааст, вазири иқтисод ҳукумати муваққатии Афғонистон Дин Муҳаммад Ханиф ва дигар намояндагони расмӣ пешвоз гирифт.
Кӯмаки башардӯстона, ки вазни умумиаш беш аз 185 тоннаро ташкил медиҳад, аз орд, биринҷ, гандум, равғани растанӣ, макарон, консерва, шакар ва хӯрокҳои зуд тайёршаванда иборат аст, хабар медиҳад АИ "Дунё".
Шахсони расмии Афғонистон ба мардуми Ӯзбекистон барои кумак дар моҳи шарифи Рамазон изҳори сипос карданд.
Музокирот оид ба рушди ҳамкориҳои мутақобилаи тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва башардӯстона миёни минтақаҳо сурат гирифт.