Маҳсулоти ҳунармандон дар қатораҳо ва ҳавопаймоҳо фурӯхта мешаванд

    Фарҳанг 12 Yanvar 2022 1387

    Чӣ хеле ки пештар хабар шуда буд, ба ҳунармандон мувофиқи қарори Президенти Ӯзбекистон "Дар бораи чораҳо оид ба минбаъд такмил додани низоми дастгирии фаъолияти ҳунармандӣ" аз 30 декабри соли 2021 вомҳои имтиёзнок ва субсидияҳо дода мешаванд.

    Директори хидмати иттилоотии Ассотсиатсияи «Ҳунарманд» Нилуфар Ҳотамова дар бораи дигар чораҳои дастгирӣ барои онҳое, ки бо ҳунарҳои анъанавӣ машғуланд, сухан гуфт.

    Аз ҷумла, то 1 июни соли 2022 дар Тошканд, Нуқус ва марказҳои вилоятӣ барои фурӯши маснуоти ҳунармандӣ павилионҳои махсуси савдо пайдо мешаванд. Онҳо ба хатсайрҳои туристии маҳаллӣ дохил карда мешаванд.

    Дар поезду самолётҳое, ки ба марказҳои сайёҳӣ роҳ мегиранд, намоишу фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда мешавад.

    “Ўзэкспомарказ” мунтазам намоишгоҳҳои байналмилалии маҳсулоти ҳунармандӣ ва технологияҳои “Craft Fair Uzbekistan”-ро баргузор менамояд.

    Супориш дода шудааст, ки намоишгоҳу ярмаркаҳо то 1 апрели соли 2022 дар Марказҳои хидматҳои давлатӣ, ки дар Тошканд, Нуқус, марказҳои вилоят, инчунин ноҳияҳои ба ҳунармандӣ махсусонидашуда воқеъ гардидаанд, ташкил карда шаванд.

    Барои бо масолеҳ таъмин намудани ҳунармандон чораҳо андешида мешаванд. Инак, дар маҳалҳое, ки ба кандакорӣ ва тайёр кардани сувенирҳои чӯб машғуланд, дар майдони камаш 10 гектар шинондани навъҳои зарурии дарахтон ташкил карда мешаванд.

    Ба ғайр аз ин, аз моҳи марти соли 2022 ҳунармандон метавонанд мис, нуқра, тилло ва дигар материалҳоро барои кор тавассути шуъбаи махсуси биржаи молу ашёи хом харид кунанд.

    Аъзои иттиҳодияи «Ҳунарманд» дар як сол ба андозаи 1 ВБҲ (270 ҳазор сӯм) андози иҷтимоӣ мепардозад. Инчунин онҳо хидматҳои хоҷагиҳои манзилию коммуналиро барои корхонаҳо бинобар ставкаҳои барои аҳолӣ муқарраргардида мепардозанд.