Мақсади асосии ташриф беҳтар гардондани мавқеи Ўзбекистон дар рейтингҳои байналмилалӣ, такмил додани низоми расондани хидмати давлатии электронӣ, мақбулсозии меъморӣ ва сохтори ҳукумати электронӣ, инчунин баланд бардоштани самарабахшии лоиҳаҳои рақамигардонӣ дар доираи стратегияи “Ӯзбекистони рақамӣ - 2030” мебошад.
Бояд гуфт, ки имрӯз Эстония дар самти татбиқ ва рушди ҳукумати электронӣ яке аз пешсафон дар Аврупо ва ҷаҳон мебошад. Дар ҳоли ҳозир ин кишвар дар раддабандии ҳукумати электронӣ дар ҷаҳон дар ҷои сеюм аст.
Дар рафти ташриф муовини якуми вазир Олег Пекос бо ислоҳоте, ки дар Ӯзбекистон дар соҳаи рушди иқтисодиёти рақамӣ, ҳукумати электронӣ ва хидмати электронии давлатӣ татбиқ мегарданд, шинос кард.
Дар вохӯрӣ раиси раёсати Академияи идоракунии электронӣ, директори иҷроия Ҳ.Асток бо сухани ифтитоҳӣ суханронӣ намуда, аҳамияти ҳамкории байни ду кишварро дар доираи рушди ҳукумати электронӣ ва иқтисодиёти рақамӣ қайд намуд, хабар медиҳад маркази матбуоти ВРТИК.