Гузоришҳои роҳбарони Вазорати корҳои дохилӣ ва Гвардияи миллӣ доир ба масъалаҳои ташкили ҳимояи тартиботи ҷамъиятӣ дар объектҳои калони соҳаҳои савдо ва хидматрасонӣ, аз он ҷумла дар чунин ҷойҳо мисли зиёд ҷамъ омадани шаҳрвандон, ҳамчун маҷмӯаҳои тиҷоративу шодӣ, боғ, бозор ва ҷойҳои дигар шунида шуданд.
Таъкид шуд, ки дар шароити имрӯзаи афзоиши таҳдид ва чолишҳои нав барои бехатарии ҷамъиятӣ пурзӯр намудани ҳамкории байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва воҳидҳои соҳибкорӣ дар соҳаи таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарии шаҳрвандон ногузир мебошад. Ҳамзамон аҳамияти бемайлон риоя намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии воҳидҳои соҳибкорӣ ва шаҳрвандон зимни ба амал овардани чорабиниҳое, ки бо таъмини бехатарии ҷамъиятӣ алоқаманданд, таъкид гардид.
Роҳбари давлат омода намудани лоиҳаи ҳуҷҷати меъёриву ҳуқуқие, ки таъмини пурраи ҳамкории байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ ва воҳидҳои соҳибкориро дар самти мазкур пешбинӣ менамояд, супурд.
Дар назди роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Гвардияи миллӣ вазифаи минбаъд пурзӯр намудани корҳои ҷорӣ доир ба ҳифзи тартиби ҷамъиятӣ ва андешидани чорабиниҳои муассире, ки ба огоҳонии амалҳои эҳтимолии террористӣ ва дигар ҳодисаҳои фавқулода дар ҷойҳои ҷамъомади зиёди аҳолӣ нигаронда шудааст, вазифа гузошта шуд.