Охири ҳафта дар Ӯзбекистон ҳаво сардтар мешавад: ҳарорати шабона то -10 поён меравад

    Имрӯз дар саросари ҷумҳурӣ ҳавои хушку бешамол ва нисбатан гарм дар назар аст. Дар нимаи рӯз ҳаво то 15-17 дараҷа гарм мешавад. Ҳамин ҳавои мусоид то нимаи ҳафта сокинони кишварамонро шод хоҳад кард.

    Ба иттилои Узгидромет, рӯзи панҷшанбе ҳаво дар Ӯзбекистон якбора тағйир хоҳад ёфт. Гунаҳкори ин дигаргуниҳо антисиклони хунук ва каме намнок, ки дар Арктика пайдо шуда, аз Урал ба хоки мо ворид мешавад, мебошад.

    4 ноябр дар саросари ҷумҳурӣ дар баъзе ҷойҳо борон меборад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ боришот дар шакли борону барф ба амал меояд. Дар шимоли ҷумҳурӣ бориш дар назар дошта нашудааст. Дар давоми рӯз ҳарорати ҳаво то 3-8 дараҷа паст мешавад, ки ин аз муқаррароти аввали моҳ 12-15 дараҷа паст аст.

    Бо фаро расидани ҳавои сард дар баъзе ҷойҳо вазиши шамол то 15-20 м/с дар назар аст.

    5 ноябрь тамоми мамлакатро антисиклони хунук фаро мегирад. Фақат дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боришот боқӣ мемонад. Ҳарорати ҳаво шабона то 3-5 дараҷа хунук, дар шимол то 7-10 дараҷа хунук, рӯзона аз 3-8 дараҷа гарм боло нахохад шуд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates